Таҳкими тадобири амниятӣ дар Хоруғ ва дархости сокинони ВМКБ аз Ҳукумат

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳкими тадобири амниятӣ дар шаҳри Хоруғро тасдиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тавре аз котиботи Ҳукумати ВМКБ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, таҳкими тадобири амниятӣ, аз ҷумла ташкили “блокпост”-ҳо дар доираи чорабиниҳо барои таъмини тартибот, ки бо дастури раисиҷумҳур идома дорад, сурат гирифтааст.

"Дар се рӯз силоҳҳоро супоред": муроҷиати Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

Манбаъ афзуд, ки бозтоби ташкили дидбонгоҳҳо дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун тайёрӣ ба амалиёти низомӣ, “дасиса ва иғвои гуруҳҳои ҷинояткор мебошад”.

“Ташкили дидбонгоҳҳо барои таъмини амнияти худи шаҳрвандон ва алайҳи афроде мебошад, ки ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд”, - изҳор доштанд дар котиботи Ҳукумати ВМКБ.

Ин дар ҳолест имрӯз 15 октябр як моҳ - муҳлати додаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини волоияти  қонун ва тартибот дар ВМКБ сипарӣ мешавад.

Натиҷаи амалиёти “Тартибот” дар ВМКБ: 766 930 сомонӣ ба буҷа ворид шуд

Масъулини ВМКБ мегӯянд, барои ҷамъбасти натиҷаи чорабиниҳо дар як моҳи муқарраркардаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16 октябр дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи калон бо иштироки намояндагони мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол гуруҳи сокинони ВМКБ бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон хостори шаффофият ва иштироки бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти Ситоди байниидоравӣ шуданд, ки ба таъмини волоияти қонуну тартибот дар ВМКБ машғул мебошад.

Кумитаи амният: аз вонамуди саркардаҳои ҷиноии ВМКБ то задухӯрд дар Поршнев (ВИДЕО)

Муроҷиаткунандагон бо изҳори пуштибонӣ аз дастури раисиҷумҳур барои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар қонуншиканиҳо таъкид намуданд, ки ҳар ҷинояткор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар раванди мубориза бо қонуншиканиҳо, гуруҳи сокинони ВМКБ зарур хонданд, ки қонунгузории кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ бояд риоя карда шаванд. Муроҷиаткунандагон аз ҷумла дархост намудаанд, ки ба паҳнсозии хабарҳои воҳимабарангез ва часпондани тамғаи нашъаҷаллобу силоҳбадаст нисбати сокинони ВМКБ хотима дода шаваду меъёри қонунгузорӣ дар бораи эҳтимолияти бегуноҳӣ, то содир шудани ҳукми додгоҳ риоя гардад.