Нонпазии ҳамсари сарвазири Чин дар истироҳатгоҳи Варзоб

Ли Кетсиян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин ва ҳамсараш баъди зуҳри 13 октябр аз минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Варзоб боздид кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар” меҳмонон зимни боздид аз Варзоб бо намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ шинос шуданд.

“Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳунари нонпазии мардуми тоҷик зоҳир карда шуд ва ҳамсари сарвазири Чин  бо завқи беандоза ба санъати волои нонпазии мардуми тоҷик ҳунари нонпазии хешро мавриди санҷиш қарор дод”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Нонпазии ҳамсари сарвазири Чин дар истироҳатгоҳи Варзоб

Манбаъ афзуд, ки дар ин макони истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон бо санъати меъморию кандакории миллати тоҷик шинос шуда, ба ин рукни санъати тоҷик баҳои баланд доданд.

“Ховар” иттилоъ додааст, ки инчунин меҳмонони олимақоми Тоҷикистон манзараҳои дилфиреби ноҳияи Варзобро аксбардорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин манзараҳо дар воқеъ дар минтақа ва ҷаҳон нодиру беҳамтоянд.