Давлаталӣ Саид ва Зафар Мирзоев мақомашонро ҳифз карданд

Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон мақоми раиси Федератсияи шоҳмоти кишварро ҳифз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 11 октябр дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши ҳисоботӣ-интихоботӣ Давлаталӣ Саид бори дуюм раиси Федератсияи шоҳмот интихоб шуд.

Кумитаи олимпӣ аз қавли Илҳом Юнусов, котиби генералии ФШТ иттилоъ додааст, ки тайи чор соли охири роҳбарӣ Давлаталӣ Саид дар бахши рушди шоҳмот дастовардҳои хуб дорад.

“Давлаталӣ Саид моҳи октябри соли 2014 роҳбарии федератсияро бар дӯш гирифта буд. Дар муддати 4 соли гузашта шоҳмотбозони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Ҳамчунин, бори аввал дар таърих,  Тоҷикистон дар Хоҷа Обигарм Ҷоми ҷаҳонро қабул кард, ки саҳми раиси федератсия бузург аст”, - гуфтааст котиби генералии ФШТ.

Ба гуфтаи Юнусов, дар чорсолаи оянда назди роҳбарияти федератсия вазифаи бузург - таъсиси Маркази махсуси шоҳмот дар Душанбе гузошта шудааст.

Инчунин Зафар Мирзоев аз нав ноиби аввали раиси федератсия, Илҳом Юнусов котиби генералӣ, Хуршед Ватанов директори иҷроияи федератсия интихоб гардидаанд.