Шералӣ Мирзо ба Тошканд меравад

Консепсияи рушди низоми ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, таҳсилоти низомӣ ва дигар масалаҳои мубрам низомӣ зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Тошканд баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазири мудофиа Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ, ки 12 октябр дар пойтахти Узбакистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 санад ҳамоҳанг шуд

Зимни ҷаласа вазирони дифои кишварҳои ИДМ масъалаҳои вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ оид ба  таъмини парвозҳои  ҳавопаймоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи  кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ,  таҳсилоти низомӣ, гузарондани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ мешавад.

Сипоси Лебедев аз Раҳмон барои пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани Душанбе

Илова бар ин, дар ҷаласаи мазкур нақшаи кории шӯроро  дар соли 2019 қабул намуда, санадҳоро дар бораи низоми алоқаи муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ барои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрология ба имзо расонанд ва  чораҳои муштараки низоми муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019 - ро тасдиқ намоянд.