Баъди ҳушдори Қодиров: ҷавони чечен барои рафтораш дар нақлиёт узр хост (ВИДЕО)

Дар шабакаи интернет навори узрхоҳии як ҷавони чечен, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ сӯи ҷавонписарон зарфи нӯшокиҳои нерӯбахшро ҳаво дод, нашр гардид
Sputnik

Дар навори нашршуда ҷавони барои рафтори носазояш дар автобус аз ҳама узрхоҳӣ карда, изҳор дошт, ки барои ин амали ношоиста роҳбарияти Чеченистон ва волидонаш ӯро сарзаниши сахт карданд.

Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ахиран дар саҳифаи интернетияш гуфт, ба вай навореро равон карданд, ки дар он ҷавони чечен “Аҳмад-сила” гӯён шишаеро ба ҷониби ҷавони дигар ҳаво медиҳад.

Зуд биё: таҳдиди Қодиров ба ҷавони чечене, ки ӯро шарманда кард

 “Пеш аз ҳама аз номи ҳамаи мардуми Чеченистон шахсан аз ҷавоне, ки нисбаташ ноҳурматӣ кардаанд, бахшиш мепурсам.  Ман аз дидани ин воқеа ниҳоят ғамгин шудам ва шуморо бовар мекунонам, ки ин амал бе ҷавоб нахоҳад монд”, - навиштааст Қодиров дар саҳифаи иҷтимоияш “В Контакте”.

Вай инчунин афзудааст,  “шахсе, ки ин корро  кард,  мардум ва оини Чеченистонро муаррифӣ намекунад”.

“Акнун ман ба нафаре муроҷиат мекунам, ки бо кирдори аҳмақонааш ба номи миллати чичен доғ овард! Оҷилан, аз худат дарак деҳ ва аз куҷое набошад ба Грозний ҳозир шав ва бо хешу авлодат ба назди ман биё! Дар акси ҳол туро дар чанд соат пайдо мекунанд” – таъкид кардааст вай.

Қодиров афзудааст, ки кирдори ин ҷавон ба клуби “Аҳмад” иртиботе надорад.

Дар пайи ҳушдори Қодиров ин ҷавон бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барои рафтораш узр хост. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарияти Чеченистон ва волидонаш ӯро сарзаниш карданд ва бори дигар барои рафтораш аз ҳама узрхоҳӣ намуд.