ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон қатли хоҳар аз ҷониби Давлатов 25 июни соли 2000 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Лахш, ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой рух додааст.
“Давлатов хоҳарашро бинобар сабаби ҷой доштани хусумат бо роҳи буғӣ кардан аз ҳаёт маҳрум намуда, баъдан бо ҳамроҳии Султонбеков ва Малабеков ҷасадро дар мавзеи “Қарашувоқ”-и ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой зери хок пинҳон намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Давлатов дар пайи содир кардани ҷиноят Давлатов дар Русия пинҳон шудааст.
Аммо баъди беш аз 18 соли содир шудани ҷиноят Давлатов бо қарори Додгоҳи олӣ барои 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуд.