СБА интизороташро аз иқтисоди Тоҷикистону Узбакистон тағйир надод

Сандуқи байналмилалии асъор пешгӯияшро дар мавриди афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2019 бе тағйир, дар сатҳи 5% нигоҳ доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. СБА дар гузориши “Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ”, нишондоди рушди ММД-и Тоҷикистонро тайи солҳои 2018-2019 баробар ба 5% пешгӯӣ кардааст.

Ҳар тоҷикистонӣ 320 доллар қарздор: қарзи хориҷӣ ба ҳадди хатардор наздик расид

Тибқи гузориши ҷадиди СБА, иқтисоди кишварҳои ҳамсуд беш аз интизороти қаблӣ пешрафт хоҳад дошт.  

Афзоиши ММД дар кишварҳои пасошӯравӣ дар соли 2018 ба 2,3% ва дар соли 2019 ба 2,4% пешбинӣ шудааст.

Яке аз пешқадамҳо дар болоравии ММД миёни кишварҳои ИДМ метавонад  Қазоқистон шавад, ки нишондоди рушдаш дар соли 2018 - 3,7% ва 3,1% дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Дурнамои рушди Тоҷикистону Узбакистон барои солҳои 2018-2019 бе тағйир, муодили 5 фоиз мебошад.

Рушди ММД Қирғизистон дар соли 2018 - 2,8% ва дар соли 2019 - 4,5%-ро ташкил медиҳад.

Рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар солҳои 2018-2019,  бархилофи пешгӯиҳои қаблии Бонки ҷаҳонӣ, ки 3,9 дарсад дар як солро интизор дошта буд, коҳиш ёфта, ба 3,7% баробар шудааст.