Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт

Қурби рубли русӣ, ки ҳафтаи гузашта аз 0,1435 сомонӣ боло рафта буд, дар оғози ҳафтаи нав поин рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1000 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар 140,6 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳафтаи пеш ҳудуди ду сомонӣ поинтар мебошад

“Қурби миёнаи фурӯши 1 доллар аз 9.4227  то 9.4300 сомонӣ, 1 евро аз 10.8091 то 10.8300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0.1406 сомонӣ муқаррар шудааст”, - иттилоъ додаст ин ниҳод.

Бонки Миллӣ қурби долларро поину арзиши рублро боло бурд

Барои муомилот дар бозори ғайринақдӣ, Бонки миллӣ қурби 1 долларро — 9.4230  сомонӣ, 1 евро – 10.8091 сомонӣ ва 1 рубли русиро — 0.1406 сомонӣ муайян намудаст.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин афзоиши қурби доллар, ки одатан болоравии нархҳоро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.