Шайх Салмон: тамоми Осиё наврасони тоҷикро дастгирӣ хоҳад кард

Шайх Салмон бинни Иброҳим Ал-Халифа, президенти Конфедератсияи футболи Осиё бо ирсоли паём ба Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муваффақияти футболбозони то 16-солаи тоҷикро дар Ҷоми Осиё шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, Шайх Салмон роҳхат гирифтани тими Тоҷикистонро ба қаҳрамонии ҷаҳон – 2019 дар Перу шодбош гуфтааст.

Ӯ ҳамчунин ҳайати футболи Тоҷикистонро бо баромади мунтахаби миллӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё табрик карда, таъкид намудааст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 тамоми Осиё тими Тоҷикистонро мухлисию дастгирӣ хоҳад кард.

Шайх Салмон инчунин аз мулоқоти қарибулвуқӯяш бо Рустами Эмомалӣ зикр кардааст, ки охири моҳи равон дар ҳошияи Конгресси 28-уми Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лампур дар назар аст.