Ҳамовозии Раҳмон ва Ковинд алайҳи додани паноҳгоҳ ба террористон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шри Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳиндустон додани паноҳгоҳ дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба террористонро маҳкум кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ  ҷонибҳо афзоиши таҳдиди терроризм, бунёдгароии динӣ, экстремизму ифротгароӣ ба сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳониро таъкид намуда, афзудаанд ки терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуротро бояд маҳв кард.

Аз тиб то технологияи кайҳонӣ ва 20 миллион доллар кӯмак: натиҷаи сафари Ковинд ба Душанбе

“Онҳо сарпарастиву дастгирии молиявӣ ва таъмини паногоҳҳо ба террористон дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро маҳкум намуданд”, - омадааст дар изҳороти муштараки роҳбарони Тоҷикистону Ҳиндустон.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ва  Шри Рам Натҳ Ковинд хостори қабули ҳарчи зудтари “Конвенсияи ҷомеъ оид ба терроризми байналмилалӣ”-и Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Дар идома дафтари матуот илова намудааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба мероси Ҳиндустон ҳамчун сарзамини дорои дину забон ва фарҳангҳои сершумори гуногун ва арзишҳои демократӣ, талошҳои Ҳиндустонро дар самти мубориза бо экстремизму ифротгароӣ баланд арзёбӣ кард.  

"Президенти Ҳиндустон дастовардҳои таърихии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз густариши экстремизму ифротгароӣ дар қаламрави худ ва минтақа, инчунин таъмини сулҳу субот таъкид намуда, давлатдории дунявӣ ва ҳаёти мутамаддинро ҷузъи фарҳанги ғании мардуми тоҷик донист”, - омадааст дар иттилоия.