Ҳабиб Нурмуҳаммедов: Путин баъд аз пирӯзиам ба ман занг заду табрик гуфт

Ҳабиб Нурмуҳаммедов пас аз пирӯзиаш бар варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар як нишасти матбуотӣ рафтору занозании худро шарҳ доду гуфт, ӯро Владимир Путин бо занги телефонӣ табрик кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи зодрӯзаш субҳи имрӯз ба Амрико занг зада Ҳабиб Нурмуҳаммедовро бо приӯзиаш бар Конор Макгрегор табрик кардааст.

“Ман фахр мекунам, ки бо Путин акс гирифтам. Владимир Путин ба ман занг зад табрик гуфт. Вай аз пирӯзии ман ташаккур кард. Ман аз ӯ барои ҳамин миннатдор ҳастам”.

Баъди пирӯзии варзишгари рус дар байни аъзои гуруҳи ҳарду рақиб ҷанҷолу занозанӣ бархост ва аз ин сабаб мусоҳиба бо ғолиби бозӣ ва маросими супурдани камарбанд дар ҳузури мухлисонро лағв карданд. Ҳарду рақиб баъди хотимаи набард, толорро тарк карданд.

Қодиров: Ҳабиб ҳамчун беҳтарин расом, симои Конорро ба тасвир табдил дод

Роҳбарияти UFC таъкид намудааст, ки алайҳи рафтори Ҳабиб тафтишот оғоз шудааст ва то анҷоми он ба тими Ҳабиб маблағ падохта намешавад.

Вай инчунин таъкид намуд, ки се нафар аз тими Ҳабибро пулиси Амрико барои занозани дар дохили майдон дастгир намудааст.

Инчунин роҳбари UFC Дэйн Уайт, таъкид намудааст, ояндаи Ҳабиб зери суол аст ва ӯ метавонад камарбанди чемпиониашро аз даст диҳад.  

“Мо ҳоло ҳамроҳ бо коммисия наворҳоро таҳқиқ дорем. Иштироки Ҳабиб дар рақобатҳои оянда зери суол аст. Ӯ метавонанд аз ин варзиш ронда шавад. Ҳама бад аст. Ҳоло Комиссия атлетикии Невада тафтишотро оғоз кардааст. Тими Ҳабибро таҳримҳову ҷаримаҳои ҷидди интизор аст”, гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русия ба Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ пирӯз шуд.

Бозӣ шоми 6 октябр дар Лас-Вегаси Амрико дар ҳошияи мусобиқаҳои UFC 229 баргузор шуд.

Дар анҷом, пирӯзиро бидуни ҳузури ду варзишкор эълон намуданд. Ҳабиб камарбанди қаҳрамониашро ҳифз кард.

Ҳабиб Нурмагомедов барои ин ширкат дар ин мусобиқа 2 миллион доллар ҷоиза мегирифт.