Вишневский: барои бартараф намудани бекорӣ дар Тоҷикистон бояд зоишро маҳдуд кард

Ахиран коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сабаби сатҳи пасти зиндагӣ ва бекории мардум дар Тоҷикистонро эълон намуданд. Яке аз сабабҳои аслӣ дар сатҳи баланди таваллуд будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Анатолий Вишневский, раиси пажуҳишгоҳи демографии Мактаби олии иқтисодии Русия, изҳороти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи сатҳи пасти зиндагӣ ва бекории мардум дар Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи коршиноси рус, мушкилоте, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба назар мерсад, хабари нав нест.

“Ин мушкилот ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба назар мерасид. Баҳсҳо дар бораи маҳдуд намудани зоиш дар Тоҷикистон замони Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуда буд”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Оё Ислом иҷоза медиҳад, ки занҳо бо роҳи маснуъӣ бордор карда шаванд?

Анатолий Вишневский ёдоварӣ кард, ки аз дидгоҳи ҷомеашинохтӣ ин корро ночор бояд кард, зеро ин раванди табиӣ аст ва ҳама кишварҳои пешрафта, аз он ҷумла Русия низ, ин равандро аз сар гузарондаанд.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон кишвари начандон доро мебошад. Тоҷикистон захираҳои табиӣ ва заминии маҳдуд дорад. Ҳамин тавр зиёдшудани аҳолӣ барои бахши иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар хатар ворид мекунад.

“Сиёсати ҳукумат бояд ба маҳдуд намудани зоиш равона карда шавад, аммо ин раванд набояд ба шакли маҷбурӣ балки бо шеваи фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби маърифати ба нақшагирии оила сурат бигирад”, - таъкид кард коршинос.

Анатолий Вишневский афзуд, ки ин гуна сиёсат ҳамеша ба мухолифат рӯбарӯ мешавад, чунки фарҳанги анъанавӣ ба афзоиши зоиш равона шудааст, аммо ин раванд ба замоне рабт дорад, ки сатҳи марг зиёд буд.

Обистанӣ дар муҳоҷират: агар муҳоҷире дар Маскав ҳомила шавад, куҷо бояд муроҷиат кунад

Инчунин вай гуфт, ки зоиши пай дар пай ба саломатии зан зарар дорад.

“Беъзе аз занҳои Тоҷикистон дар як сол ду маротиба фарзанд таваллуд мекунанд, ки ин комилан нодуруст аст ва ба саломатии зан зарари зиёд мерасонад”, - афзуд коршинос.

Коршинос илова кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби маърифати банақшагириии оила ва истифодаи доруҳо барои пешгирӣ аз бордорӣ ҳатто дар кишварҳои мусалмонӣ, ба монанди Эрону Ҳиндустон низ истифода мешуд.