Ҳошим Гадо садақаро қабул намекунад: Раҷаби Мирзо роҳи кӯмак ба ҳунармандро гуфт

Тоҷикистониён роҳҳои дастгирии арбоби ҳунар Ҳошим Гадоро, ки дар кӯчаҳои Душанбе китобфурӯшӣ мекунад, баррасӣ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, роҳи беҳтарини дастгирии ҳунарманди маъруфро хариди китобҳои ӯ хондааст.

“Ҳошим Гадоро хуб мешносам ва медонам, ки "ҳамту" аз касе чизе намегиранд: Ғурури зебандаву ба шахсияташон созгор”, - изҳор доштааст ӯ.

Ба ҳунарманди машҳур чӣ шуд: Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе китобфурӯшӣ мекунад

Раҷаби Мирзо бо нашри ин матлаб дар гуруҳи “Ахбор барои афкор” афзудааст, ки аксари китобҳои Ҳошим Гадоро дорад ва омода аст, ки аз ин китобҳо такроран харидорӣ намояд.

“Агар дар гуруҳ ба нафарҳое бовар намоему бунёде таъсис дода, ҳар кадом 50 сомонӣ (арзиши як китобашон ба ҳамин миқдор аст, то ҷое медонам) китобе аз Устод бихарем, чӣ мегӯед?”, - суол гузоштааст рӯзноманигор.

Ӯ таъкид намудааст, ки ҷамъоварии маблағро ба уҳда намегирад ва интихоби афроди мавриди эътимодро ба аҳли гуруҳ вогузор намудааст.

Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадоро ҷашн гирифт

Бисёриҳо аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳошим Гадо, соли гузашта дар 80-умин солгарди зодрӯзаш бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” сарфароз шуда буд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки  Ҳошим Гадо зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Ҳошим Гадо ахиран дар пайи фурӯши китобҳояш дар кӯчаҳои Душанбе мавриди таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт ва шаҳрвандон роҳи кӯмак ба ҳунарманди маъруфи кишварро ба миён гузоштанд.