Раисҷумҳур боз сухангӯашро сабукдӯш кард

Комил Алламҷонов, котиби матбуоти президенти Узбакистон аз вазифааш барканор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон сухангӯаш Комил Алламҷоновро сабукдӯш кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Комил Алламҷонов, котиби матбуоти  президенти Узбакистон аз вазифаиаш озод карда шуд. Дар ин бора қарори нави Шавкат Мирзиёев ба тавсиб расидааст", -  менависад манбаъ.

Далели барканоршавии котиби матбуот маълум нест. Алламҷонов  аз моҳи декабри соли 2017 ба ҷои Асадҷон Хоҷаев ба ин симат таъин гардида буд.

Сабаби барканор шудани Хоҷаев, "роҳ додан ба камбудиҳо дар чорабинии ҷашнвораи "Таронаҳои Шарқ" дар Самарқанд" гуфта мешуд.

Феълан исми сухангӯи нави Шавкат Мирзиёев маълум нест.