Қарори мири Душанбе: имсол Рӯзи забон дар зодрӯзи Президент чӣ гуна таҷлил мешавад?

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор дастур додааст, ки Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон, ки 5 октябр таҷлил мегардад, дар пойтахт ба таври густурда ҷашн гирифта шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расондааст, ки чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва маърифатиро фаро мегирад. 

Сарони Узбакистону Белорус зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфтанд

“Маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Умри миллат аз умри забон вобаста аст” ва конференсия бо номи “Забон – омили пойдории миллат”, инчунин доир намудани барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст”, - изҳор дошт манбаъ. 

Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бояд овезаҳое, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб гарданд.

Роҳбарони мақомоти пойтахт муваззаф шудаанд, ки  бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Владимир Путин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт

Дар Тоҷикистон аз соли 1989 то 2009 Рӯзи забон 22 июл таҷлил мешуд. Бо қарори парлумон ва имзои раисиҷумҳур аз соли 2009 инҷониб 5 октябр ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз инчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зодрӯз дорад ва аксаран баробари таҷлили забон таманниёти шаҳрвандон ба сарвари давлат низ аз мавзӯҳои меҳварии рӯз мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.