Иттилои носаҳеҳ: Бонки миллӣ кори боз як ширкатро мамнуъ кард

Бонки миллии Тоҷикистон боз як ширкати аудитории дигарро ба далели пешниҳоди иттилои носаҳеҳ аз ҳаққи фаъолият маҳрум намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг” аз  ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон маҳрум гардид.

Барои додани иттилои нодуруст: Бонки миллӣ фаъолияти 3 ширкатро мамнуъ кард

БМ далели ин иқдомро пешниҳоди хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани талаботи санадҳои Бонки миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷониби  “Тоҷик Аудит Консалтинг” хонд.

Қаблан ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит”  “Грант Торнтон” аз ҳаққи фаъолияти аудиторӣ маҳрум гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон мақсади ин иқдомро таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиати пасандоздорону қарздеҳон хондааст.