“Шербача”-ҳои тоҷик боқувваттарин тими Осиёро шикаст доданд (ВИДЕО)

Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар Ватан "Шербачаҳо" унвон шуданд, имрӯз бақуваттарин тими Осиё-Кореяи Ҷанубиро шикаст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Футболбозони тоҷик дар қисмати аввал бо ҳисоби 1-0 пешсаф шуданд, аммо дастаи ҳариф тавонист ҳисобро баробар кунад. 

Тими Кореяи Ҷанубӣ, боқуваттарин дар Осиё арзёбӣ мешавад ва нахустин голашро дар Ҷоми Осиё имрӯз аз дастаи Тоҷикистон хӯрд. Қисмати дуюми бозӣ бо ҳисоби 1-1 анҷом ёфт, аммо дар даври зарбаҳои 11-метрӣ тими Тоҷикистон бо ҳисоби 7-6 пирӯз гардид ва ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Мухлисони Тоҷикистон мегӯянд, мунтахаби миллӣ дар ҳар сурат қаҳрамон аст, чун нахустин бор дар даҳсолаи охир барои Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт.

Кореяи дигар: сабқати “шербача”-ҳои навраси Тоҷикистон бо бақуваттарин тими Осиё

Мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ то бозӣ бо тими Тоҷикистон, дар ҳафт бозӣ ҳафт ғалаба ба даст оварда, ба дарвозаи ҳарифон 26 гол зада, дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доштаанд.

Дар бозии ниманиҳоии дигари Ҷоми Осиё, ки миёни Ҷопону Австралия сурат гирифт, Ҷопон бо ҳисоби 3-1 пирӯз гардид.

Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир яке аз беҳтарин тимҳои қораи Осиё дар байни ҳамсолони худ ба шумор рафта, бо шикаст додани тими Кореяи Шимолӣ ба бозии қаҳрамонии ҷаҳон дар Перу, ки соли оянда дар назар аст, роҳхат гирифт.