Ҷузъиёти сӯхтор дар ҳоҷатхонаи бозори “Корвон”

Дар як ҳоҷатхонаи соҳибкорои инфиродӣ, ки ба корҳои кафшергарӣ (сварка) дар бозори “Корвон”, машғул будааст, оташ сар задааст. Хушбахтона сӯхтор зуд хомуш карда шуд ва зарари ҷиддие ҳам ба миён наовард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Имрӯз тақрибан соати 12:00 дар бозори “Корвон”, ки калонтарин бозори шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, сӯхтор ба амал омадааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА. 

Сигоркашии Гадоев – эълони сабаби сӯхтор дар “Корвон”

Ба иттилоъ манбаъ, як ҳоҷатхонаи соҳибкорои инфиродӣ бо номи Ҳоҷӣ Зайниддин, ки ба корҳои кафшергарӣ (сварка), машғул будааст, оташ гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, ин соҳибкор бе иҷозати маъмурияти бозор ба ин кор машғул будааст. 

Дар натиҷаи сӯхтор нуқтаҳои фурӯши ягон соҳибкор зарар надидааст.  “Танҳо анборхонаи ҳамин ҳоҷатхона, ки дар он қоғазҳои ташноб ва дигар маводҳои шӯянда нигоҳ дошта мешуданд, оташ гирифтааст. 

Оташе, ки чанд метри квадратиро дар бар гирифт бо ёрии сӯхторнишонии  худи бозор хомӯш карда шуд. Бинобар маълумоти ВУД Тоҷикистон сӯхтор ба реҷаи кори савдогарони бозор таъсире нарасонидааст, ҳамаи нуқтаҳои фурӯш чун ҳарвақта корашонро идома доданд.

“Ҳангоми ворид гардидани техникаи оташхомӯшкунӣ дарвозаҳои рақами 3 ва 4-и бозор барои чанд соате баста шудаанд  ва айни замон бозор тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият менамояд”, таъкид кардааст манбаъ.

Сӯхтор дар “Корвон”: гармӣ гунаҳкор

Ёдрас мешавем, ки ин 8-умин ҳодисаи сӯхтор аст, ки бозори “Корвон” ба қайд гирифта мешавад. Бозорро чанд маротиба оташ зада буданд. Инчунин  аз ҳисоби нодуруст будани ноқилҳои қувваи барқ, низ дар ин бозор сӯхтор ба амал омада буд. 

Пас аз сӯхтори бозор дар моҳи июли соли гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фармон дода буд, ки ҷабрдидагонро давоми ду сол аз супурдани, иҷорапулӣ ва пулсупории яквақта озод кунанд.

Дар он сӯхтор беш 480 метри квадратии бозор ба коми оташ гирифта шуда, соҳибони 25 мағоза ва 260 нуқтаи фурӯш зарари молию моддӣ дида буданд.