Боз як пирӯзӣ: тими футболи Тоҷикистон дастаи Непалро 2:0 мағлуб кард

Авалин голро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 69-ум Комрон Турсунов як голи дигар ба дарвозаи тими Непал зада, пирӯзиро пурра аз они дастаи тоҷикистониён гардонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини мусобиқаи Ҷоми тиллоии Бангабанду тими мунтахаби Непалро 2:0 шикаст дод. Бозӣ  2 октябр,  дар Дакка, пойтахти Бангладеш баргузор шуд.

Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ  непалиҳо қоидаи бозиро вайрон карданд ва доварон ба дарвозаи онҳо пеналтӣ муайян карданд.

Тӯбро капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонд ва ҳисобро боз намуд. Муаллифи голи дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 69 ҳамлагар Комрон Турсунов гардид.

Футболбозони навраси Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд

Дар бозии нахустини ин мусобиқа 1 октябр дастаи мунтахаби Бангладеш дастаи мунтахаби Лаосро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз дастаи мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи "А" Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи "В" Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар ин мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, муқобили дастаи мунтахаби Фаластин анҷом медиҳад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "В" ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми тиллоии Бангабанду аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мегардад.

Ёдрас мешавем, пештар тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон 30 сентябр дар сабқати таърихӣ бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳ ёфта буд.