Театри Лоҳутӣ дар Самарқанду Бухоро асари “Ҷиноят ва ҷазо”-ро намоиш медиҳад

Театр имени А. Лахути. Архивное фото
Як гурӯҳи хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода ба Узбакистон сафар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.   Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни сафар ҳунарӣ,  ҳунармандони театр Лоҳутӣ намоиши асари маъруфи нависандаи рус Фёдор Достоевский  “Ҷиноят ва ҷазо”-ро барои мардуми Самарқанду Бухоро ба намоиш мегузоранд.  

“Намоишнома рӯзи 5 октябр дар шаҳри Самарқанд ва рӯзи 6 октябр дар шаҳри Бухоро манзури тамошобинон мегардад”, - таъкид кардаст манбаъ. 

Асари “Ҷиноят ва ҷазо” ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарим Машраб рӯи саҳна овардааст.