Муллои маъруфи Покистон миёнаравӣ миёни Толибону Ҳукуматро рад кардаст

Руҳонии машҳури покистонӣ, Мавлон Сами-ул-Ҳак ба миёнравӣ байни Ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи тундрави “Толибон” розӣ нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Намояндагони Ҳукумати Афғонистон аз ходими машҳури динии покистонӣ, Мавлон Сами-ул-Ҳак хоҳиш кардаанд, ки дар гуфтушунидашон бо ҷунбиши “Толибон” миёнрав шавад, хабар додааст, шабакаи телевизионии ARY News.

Ба маълумоти шабакаи мазкур, бори аввал нест, ки Ҳукумати расмии Афғонистон аз Сами-ул-Ҳақ хоҳиши миёнравӣ мекунад. Зикр шудааст, моҳи январи соли гузашта, президенти Афғонистон, Ашраф Ғанӣ аз ӯ хоҳиш карда будааст, то гуфтушунидро миёни тарафҳо муҳайё кунад.

Мулоқоти “Толибон” бо ҳукуматдорони Афғонистон дар Саудӣ

Аммо ин дафъа ходими динӣ, вазифаи миёнравиро байни тарафҳо қабул накардааст.

“Ман наметавонам ин масъулияти баландро бар уҳдаи худ бигирам, аммо ман барои озодии Афғонистон ва ҳукмрон будани дини ислом даст бар дуо хоҳам бардошт”, - гуфтааст Сами-ул-Ҳақ.

Ёдовар мешавем, ки миёни Ҳукумати феълии Афғонистон ва ҷунбиши тундрави “Толибон”, ки баъди забти қишлоқҷойҳо дар баъзе ноҳияҳои кишвар сӯи шаҳрҳо ҳаракат доранд,  задухӯрди низомӣ идома дорад.

Дар қаламрави кишвари Афғонистон таъсири гуруҳи тундрави мамнуъ, “ДОИШ” низ  зиёд шуда истодааст.

Қувваҳои мусалаҳ ва амнияти миллии Афғонистон дар якҷоягӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амалиёти якҷоя бар зидди терроризм гузаронида истодаанд.