Алишер Усмонов: "олигарх" нестам, дар Русия танҳо як “олигарх” мондаст

Алишер Усмонов, милёрддори узбактабори Русия, гуфт, мафҳуми “олигарх”-ро хуш намедорад ва худро аз ҷумлаи онҳо намешуморад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Алишер Усмонов мегӯяд, “олигарх” шахсест, ки тиҷораташро аз Ҳукумат гирифтааст.

Аз узбак буданам ифтихор мекунам: шиори тиҷорати Алишер Усмонов

“Ман худи калимаи “олигарх”-ро таҳаммул карда наметавонам. “Олигарх” нафарест, ки ҳама чизро муфт гирифтааст. Ман ҳеч гоҳ ба ин гуруҳ шомил набудам ва нестам”, - изҳор доштааст Усмонов зимни суҳбат дар шабакаи телевизионии “Россия-1”.

Ӯ афзудааст, ки феълан дар Русия танҳо як “олигарх” боқӣ мондааст. 

 “Ман бар инам, ки дар қатори “олигарх”-ҳо танҳо як савора боқӣ мондааст. Қатор холист, танҳо як нафар то ҳол дар он равон аст... Олигархи дигар нест”, - таъкид намудааст милёрддор.  

Усмонов “охирин олигарх”-и Русияро ном набурд, танҳо изҳор дошт, ки феълан ба ин нафар як ширкат тааллуқ дорад.

Дархости Шавкат Мирзиёев аз Алишер Усмонов барои кумак ба Узбакистон

Маҷаллаи Forbes, Алишер Усмонов, раиси ширкати "Металлоинвест"-ро дар зинаи даҳуми доротарин афроди Русия қарор додааст.  Дороии ӯ дар соли 2018 ба 2,7 милёрд коҳиш ёфта, ба 12,5 милёрд баробар шудааст.

Усмонов калонтарин “бенефитсиар” – судбарандаи “USM Holdings” мебошад, ки ширкатҳои "Металлоинвест", "Мегафон" ва як ҳиссаи “Mail.Ru Group”-ро дар ихтиёр дорад.

Моҳи январи соли ҷорӣ Вазорати молияи ИМА дар “гузориши кремлӣ”  Алишер Усмоновро аз ҷумлаи “олигарх”-ҳои наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ном бурдаст.