Толорҳои навсозишуда дар Қасри Миллат: Раҳмон фикри Лукашенкоро пурсид (НАВОР)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус толорҳои таҷдидшудаи Қасри Миллатро нишон дода, фикри ӯро пурсон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои давлатии Белорусия, Лукашенко нахустин раисиҷумҳур буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар толори таҷдидшудаи Қасри Миллат қабул намуд. Толор бо кандакориҳои чӯбӣ аввали моҳи сентябр ба истифода дода шудааст.

Лукашенко дар Белорус ба номи Эмомалӣ Раҳмон ду боғ бунёд мекунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон толорҳои бо усули миллӣ ва аврупоию муосир орододашудаи Қасри Миллатро ба Лукашенко нишон дод. Ҳангоми вуруд ба толори сафеде, ки баъзе бахшҳои ороиши аврупоӣ, аз ҷумла афиниро дар бар мегирифт, Эмомалӣ Раҳмон фикри Лукашенкоро дар бораи он пурсид.

“Толори хуб аст”, - посух дод Лукашенко. Дар навори нашркардаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон низ сайри Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар толорҳои Қасри Миллат намоиш дода шудааст.

Ин дар ҳолест ки қаблан Қасри Миллат миёни зеботарин қасрҳои раисиҷумҳурони ҷаҳон баъди Кохи Сафеди ИМА дар ҷойи дуюм қарор гирифта буд. 

Лукашенко дар Ҳисор ба Раҳмон трактор ҳадя кард

Дар ҷараёни мулоқот инчунин раисиҷумҳури Белорусия гуфт, на барои протокол ё шуҳратхоҳӣ, аммо мардуми тоҷик ва шахси Эмомалӣ Раҳмон меҳмоннавози самимиянд.  

Ӯ гуфт, ҳамроҳаш одамони оддӣ омадаанд ва ҳангоми  сайр дар Душанбе ба меҳмоннавозии тоҷикон қоил шудаанд. Вай афзуд, аз ин нигоҳ тоҷикистониҳо ба белорусҳо хеле монанданд. Лукашенко таъкид намуд, ки дар Белорусия низ бо тоҷикон чунин муносибат ҷой дорад.  

Сафари кории Лукашенко ба Тоҷикистон 29 сентябр сурат гирифт ва дар охири рӯз ӯро Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар фурудгоҳи Душанбе гусел намуд.