“Ҷумҳурият”: чаро сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро не?

Исломи Раҷабалӣ, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд ду моҳи қабл дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ арзиши роҳкиро низ қариб ду баробар афзуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” навиштаи Исломи Раҷабалиро нашр кардааст, ки суол гузоштааст, чаро бо боло рафтани нархи сӯзишворӣ роҳкиро гарон шуду баъди арзоншавии маводи сӯхт ҳаққи роҳкиро коҳиш наёфтааст.

Ба навиштаи Исломи Раҷабалӣ, ду моҳ қабл дар кишвар нархи сӯзишворӣ, хусусан як литри гази моеъ аз 3,50 ба 5,20 сомонӣ расид ва роҳкиро низ қариб ду маротиба афзуд.

Эълони Вазорати нақлиёт дар бораи баста шудани нақби "Хатлон"

“Аммо, саволи матраҳ он аст, ки чаро ҳоло нархи сӯзишворӣ поён фаромадаасту аз роҳкиро не? Аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дидан кардем, ки 18 сентябри соли 2018 дар ин нуқтаҳо арзиши 1 литр гази моеъ 4  сомонӣ, бензин 7,80 ва солярка 8 сомониро ташкил медод, яъне қариб як моҳ боз арзиши гази моеъ аз 5,20 то 4 сомонӣ поин фаромадаасту нархи роҳкиро ҳамоно дар қолаби пештара боқӣ мондааст”, - изҳор доштааст Исломи Раҷабалӣ.

Ба иттилои муаллиф ҳоло дар минтақаи Кӯлоб 7 терминали мусофиркашонӣ ва 12  терминали ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ҷамолиддин Ятимов, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, ронандагоне, ки соҳиби иҷозатнома нестанд, ҳаққи мусофиркашонӣ надоранд.

Роҳат: ё чӣ гуна дар Душанбе аз корти нави нақлиёт бояд истифода бурд

Ятимов афзудааст, ки айни ҳол дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб қариб 2000 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш бо иҷозатнома фаъолият мекунад.

Исломи Раҷабалӣ иттилоъ додааст, ки дар чорроҳаи назди филиали бонки “Эсхата” ронандагон ба деҳаҳои Пушёни Боло, Пушёни Поён, Осмонбика, Ғелот ва дигар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар қисмати дигари роҳ, канори “Хонаи бахт”  ронандагон ба деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кӯлоб - Сангпар, Ҳакимобод, Бахтобод, Чашмасор, мусофир мекашонанд.

“Аммо, аксари онҳо литсензия надоранд. Пас, кӣ ба онҳо ҳуқуқи мусофиркашонӣ додааст? Айни замон дар хатсайрҳои дохили шаҳри Кӯлоб роҳкиро як меъёри муайян надорад. Ҳатто ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам аз пеши худ чӣ гунае хоҳанд, нарх мегузоранд”, - таъкид намудааст сокини Кӯлоб ва дар суол гузоштааст, ки ин ҳол то кай идома меёфта бошад.