ВИДЕО: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро шаби 27 сентябр дар фурудгоҳи Душанбе шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ва сарвазир Қоҳир Расулзода пешвоз гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи навори сафари Путин ба Душанбе, раисиҷумҳури Русия аз фурудгоҳ сӯи бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон равон гардид.

Раисиҷумҳури Русия дар бӯстонсарой, дар доираи шоми дӯстии ташкилкардаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Молдова Игор Додон,  президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот кард.