Сипоси Путин ва таъкиди Раҳмон: мулоқоти чашм ба чашми раисҷумҳурон дар Қасри миллат

Раисҷумҳури Русия аз кишвардори Тоҷикистон барои меҳмоннавозии тоҷикона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани нишаст изҳори сипос кардааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба густариши бештари ҳамгироӣ бо Русия ҳавасманд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Имрӯз, баъди баргузории нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сипоси Путин ва таъкиди Раҳмон

Бино бар иттилои манбаъ, дар аввал раисҷумҳур Владимир Путин аз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии тоҷикона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани нишаст изҳори сипос кардааст.

"Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари ҳамгироӣ бо Русия ҳавасманд аст ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики калидию стратегии худ медонад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Путин: муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи нав расиданд

Дар мулоқот ба таҳкими муносибатҳои  Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гаштааст.

Маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон ба Русия бештар меравад

Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

"Раисҷумҳурон рушду тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва  Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намуданд", - гуфта мешавад дар хабар.

Путин ва Раҳмон ҳамчунин масъалаи афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия  ва таҳияи механизми маблағгузории корҳои таъсиси марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамкориҳои фарҳангиву илмиро бояд тақвият бахшид

Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф низ махсус таъкид карда шуд.

 Омодагии ҳарду ҷониб барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли равон таъкид гардидаст.

Бештар-беҳтар: Русия гуфт, ки имсол ба Тоҷикистон чанд омӯзгор мефиристад

Ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Русия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ, табодули афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, имрӯз, 28 сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд, ки дар он масоили ҳамкориҳо амниятиву илмиву фарҳангии кишварҳои ҳамсуд баррасӣ гардид.