Хоҳиши сокинон аз раиси Душанбе барои фароҳам кардани нақлиёт

Бархе аз сокинони маҳаллаи 104-уми Душанбе мегӯянд, аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар маҳалла танқисӣ мекашанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сайфиддин Сайфиддинов, сокини маҳаллаи 104-уми Душанбе мегӯяд, истиқоматкунандагони ин қисмати пойтахт ҳамарӯза мушкили нақлиёт доранд.

Ӯ бо зикри ободкориҳои Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе афзуд, мо сокинони маҳалла дархост дорем, ки раиси пойтахт барои фароҳам кардани нақлиёти ҷамъиятӣ дар маҳалла мусоидат кунад.

Бонки аврупоӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон сармоягузорӣ мекунад

“Ҳамарӯза мо сокинон ба камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ рӯбарӯ мешавем. Дар масири маҳаллаи 104 ҳамагӣ як нақлиёт - автобуси рақами 37 фаъолият мекунад, ки он на ҳамеша саривақт меояд.  Дер мерасад ва ин боиси норозигии мусофирон шудааст”, - изҳор дошт Сайфиддинов.

Ба гуфтаи Сайфиддинов бархе аз ронандаҳо пулчинак надоранд ва ронанда овораи ҷамъоварии роҳкиро шуда, пайваста ба мусофирон ҳушдор медиҳад, ки то ҳама маблағ надиҳед, нақлиётро равон намекунам.

Ӯ аз раиси Душанбе хоҳиш кард, ки барои ҳалли мушкили нақлиёт ва таъмини рафтори дурусти ронандагони мусофирбар дар масири маҳаллаи 104 чораандешӣ кунад.