ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе бо Шавкат Мирзиёев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки мо ба сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздик ва кишвари бародари Узбакистон афзалияти бештар медиҳем.
Сарони давлатҳо сафарҳои давлатии ҷавобии худро ба кишварҳои якдигар, натиҷагирӣ карда, аз татбиқи санадҳои имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.
“Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона гардидааст”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад ва барои баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.
“Барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва нерӯи инсонӣ, анъанаҳои накуи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст. Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ҷонибҳо бо талошҳои муштарак ба масъалаи ҳалли мушкилот ва рушди бемайлони муносибатҳои ҳамкорӣ ноил мегарданд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.