Ситоди махсус дар Хуҷанд барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта

Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии пахта идома дошта, то санаи 25 сентябр 30 566 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 23,5 фоизи нақша баробар мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, Ситоди вилоятии “Ҳосил-2018” таъсис дода шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки то санаи 25 сентябри соли равон пахтакорони вилоят дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров 4673 тонна, Ашт 2918 тонна, Ҷаббор Расулов 2564 тонна, Зафаробод 4988 тонна, Конибодом 4685 тонна, Мастчоҳ 6965 тонна ва Спитамен 3773 тонна пахта чида, ба хирман супоридаанд.

Раиси Суғд рӯзи истироҳаташро дар пахтачинӣ гузаронд

Манбаъ афзудааст, ки соли равон дар вилоят дар 57 ҳазору 194 гектар пахта кишт шудааст, ки нисбати соли гузашта 6429 гектар зиёд мебошад.

“Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар назар аст, ки беш аз 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад” – мегуяд ҳукумати вилояти Суғд.

Инчунин манбаъ хабар медиҳад, ки дар вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта бошад Ситоди вилоятии “Ҳосил-2018” таъсис дода шудааст.