Сипоси Лебедев аз Раҳмон барои пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани Душанбе

Сергей Лебедев ба Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лебедевро,  раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ дар пойтахти кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафари Путин ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар зиёфати ғайрирасмӣ

Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид намудааст, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ, ҷумҳурӣ барои татбиқи ҳадафҳои консепсияи Иттиҳод фаъолона мусоидат намуд.

Ҳамчунин, Сергей Лебедев ба Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ИДМ доир ба марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, муқараротҳои Шартномаи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ баён намудааст.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.