ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино ба иттилои ВУД Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр дар ҳудуди деҳаи Элок бар асари чаппа шудани мошин се нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 15 ронандаи мошини “Опел-Астра”, шаҳрванд Ш. Юсуфов, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди деҳаи Элок аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, воситаи нақлиётро чаппа намуд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили мошин шаҳрвандон: З. Юсуфова, соли таваллудаш 1963, Сарвари Розия, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
“Мусофири дигари автомашина А. Юсуфов ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардид”, - таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.
Инчунин ВУД Тоҷикистон ба ронандагон ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо на танҳо бехатарии худ, балки бехатарии мусофиронро низ дар роҳро таъмин намоянд.
Ба гуфтаи ВУД Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.