Раиси Алмаато ба Сарвазир: смартфонҳои дуздиро ба Тоҷикистону Қирғизистон мебаранд

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон теъдоди дуздии телефонҳои мобилӣ афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон аксари телефонҳои дуздӣ ба берун аз кишвар ба хусус ба Тоҷикистону Қирғизистон бурда мешаванд ва ба ҳамин хотир ошкори чунин намуди ҷиноят мушкил мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Зимни ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон, Бакитжан Сагинтаев, нахуствазири ин кишвар аз мақомоти вазорати умури дохила ва раиси шаҳри Алмаато талаб намудааст, ки масъалаи дуздии телефонҳои мобилиро дар шаҳри мазкур ба таври ҷиддӣ таҳти назорат бигиранд.

Зимни ҷаласа Баурижон Байбек, раиси шаҳри Алмаато таъкид намудааст, ки барои пешгирии дуздии смартфонҳои дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳр “рейд”-ҳои ва чораҳои махсус ба роҳ монда шудааст.

Вай гуфт, ошкор намудани ин ҷиноят барои кормандони пулис мушкил будааст, чун аксари телефонҳои дуздӣ ба хориҷ аз кишвар бароварда мешаванд.

Телефондуздӣ дар Душанбе: дар Гипрозем ҷавонеро лату кӯб карда, телефонашро гирифтанд

“Мо фаъолияти бозори ғайриқонунии фурӯши телефонҳои дуздиро қатъ намудем. Дуруст аст, ки ин телефондуздӣ дар ҳоли афзоиш аст. Новобаста аз ин, бар зидди дуздидани смартфонҳо чораҳои ҷиддӣ меандешем. Имрӯз телефонҳои дуздӣ дар қаламрави Қазоқистон боқӣ намемонанд, онҳоро зуд ба Тоҷикистону Қирғизистон мебаранд, ба ҳамин хотир ошкор намудани ин гуна ҷиноят мушкил мебошад”, - афзуд Бейбек.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия шуда буд, ки сабти рақами IMEI ҳама гуна телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои алоқаи барқиро дар назар дорад. Сабти номи рақами IMEI дар феҳристи ягонаи давлатӣ ба кӣ тааллуқ доштани ин оё он телефонро барои идораҳои давлатӣ ба осонӣ маълум мекунад.