ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, қарори мазкур бо мақсади ободу зебо ва ҷолиб гардонидани симои пойтахти Тоҷикистон қабул шуда, Боғи навтаъсиси ба номи Аҳамади Дониши 2,85 гектарро дар бар мегирад.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ “Боғи ба номи Аҳмади Дониш” ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронда шудааст.
Муовини раиси Душанбе ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваззаф шудаанд, ки барои фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораандешӣ кунанд.