ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон, рафти бунёди майдони Парчами давлатӣ, бинои нозироти андози шаҳр ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айниро назорат кардааст.
“Дар шаҳри Хуҷанд бошад Раиси вилоят бо сохтмони бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бинои гимназияи рақами якуми шаҳр, таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, Қалъаи Хуҷанд ва меҳмонхонаи “Ленинобод” шинос гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест ки Аҳмадзода, як ҳафта қабл низ рӯзи якшанберо дар майдони пахта гузаронда, барои ёрдам ба деҳқонон даҳҳо кило "тиллои сафед" чида буд.