ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, Назарзода аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, изҳор доштааст, ки аксари кирдори ғайриқонунӣ шабона рух медиҳанд.
“Аз шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда дар 8 моҳи соли ҷорӣ 7.1%-и онҳо аз соати 06:00 то 12:00, 9,8% аз соати 12:00 то 18:00, 32,9% - аз 18:00 то 24:00 ва 50,2% аз соати 24:00-и шаб то 06:00 - и субҳ содир шудаанд”, - изҳор дошт Назарзода.
Сардори пулиси Душанбе ин нишондиҳандаро далели аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур мондани наврасон хонд.
Шариф Назарзода афзуд, ки дар соли 2017 ва 8 моҳи соли ҷорӣ дар пайи 2400 амалиёт кормандони милиса 10 392 ноболиғро барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ба идораҳои умури дохилӣ дастрас кардаанд, ки аз ин 6 336 нафарашро хонандагони макотиби Душанбе ташкил медиҳанд.
Ӯ таъкид намудааст, ки феълан 556 нафар кормандони милиса дар ҳайати аз 3 то 5 нафарӣ ба муассисаҳои таълимӣ вобаста гардиданд.
“Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар мақомоти милитсияи пойтахт “Рӯзи мактаб” эълон карда шуда, кормандони ба муассисаҳо вобастагардида ба мактабҳо ташриф оварда, барои иҷроиши Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чорабиниҳои профилактикӣ ва суҳбату вохуриҳо доир менамоянд”, - гуфт Назарзода.
Сардори пулиси пойтахт ба масъулини маориф бо тафсил омори ҷинояткории хонандагони макотибро ироа карда, хостори таҳкими мубориза бо қонунвайронкуниҳо шуд.