ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Манижаи Давлат навиштааст, ки чанд сол боз қувваозмоиҳои Конор Макгрегорро назораю пайгирӣ мекунад.
“Ман мухлиси Конор Макгрегорам ва бароям дар ин навъи варзиш танҳо ӯ қаҳрамон аст. Аммо дар қувваозмоии оянда ҷонибдори пирӯзии Ҳабиб мебошам, чун ин ҷо гап дар бораи виҷдон, номус ва шарафи ман меравад... Сухан сари дини ман аст, ки ҳеч кас, ҳатто кумири дӯстдоштаам, ҳақ надорад, онро таҳқир кунад. Аллоҳ мададгор”, - навиштааст овозхони шинохтаи тоҷик.
Бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеъгирии Манижаи Давлатро писандида, ҷонибдорияшонро аз Ҳабиб Нурмуҳаммедов баён доштанд.
Варзишкорони машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор 6 октябр дар Лас-Вегас қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар арафаи ин қувваозмоӣ онҳо чанд таниши лафзӣ доштанд, ки дар он бартарии Макгрекор мушоҳида мешуд. Аммо Ҳабиб Нурмуҳаммедов таъкид мекунад, ки муҳим натиҷаи қувваозмоии 6 октябр дар майдони муҳориба мебошад.