Эътирози Ашқобод алайҳи изҳороти сафири Тоҷикистон дар Тошканд

Вазорати умури хориҷии Туркманистон алайҳи тасмими мақомоти тоҷик барои таъхири сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон изҳори нофаҳмӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. ВУХ бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, ки нофаҳмии ҷониби Туркманистон ба Тоҷикистон баён шуд.

Тошканд сабукӣ доду Туркманистон монеа гузошт: ба Ишқобод чӣ нафорид?

Ин ниҳод изҳороти Имомӣ Содиқ Ашӯрзода, сафири Тоҷикистон дар Тошкандро, ки ба расонаҳо гуфтааст, Душанбе ният дорад, сохтмони роҳи Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистонро ба “ягон вақти беҳтари дигар” гузорад, мояи нофаҳмӣ хондааст.

“Шарҳи ҷониби Туркманистон дар ин бора расман ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расонда шуд”, - таъкид шудааст дар изҳорот.

Ин дар ҳолест ки ахиран мошинҳои боркаши самти Тоҷикистон дар Туркманистон иҷозаи убури қаламрави ин кишварро нагирифтанд ва дар марзи он дармонданд. Расман далели чунин тасмимгирии мақомоти туркман шарҳ дода нашуда буд ва изҳороти ахир нахустин эътирози ошкорои ҷониби Туркманистон алайҳи тасмими мақомоти тоҷик мебошад.

Расман сохтмони роҳи оҳани мазкур  аз ҷониби Туркманистон соли 2013 дар ҳузури роҳбарони се кишвар-Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон бо гузоштани нахустин релс оғоз шуда буд.  Интизор мерафт, ки ин роҳи оҳан Тоҷикистонро аз  пойбандӣ ба роҳҳои оҳани Узбакистон раҳо мебахшад.