"Нурмуҳаммедов аз таҳқирҳои Макгрегор аз дарун сӯхт, вале чизе нагуфт"

Дар Ню-Йорк нишасти матбуотии варзишкорони машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегор, ки рӯзи 6 октябр дар Лас-Вегас ба майдон мебароянд, баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Раиси қаҳрамонии UFC Дэйна Уайт эълом дошт, ки  варзишкори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедовро суханҳои варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар рафти нишати матбуотӣ сахт нигарон кард.

Пештар дар Ню-Йорк нишасти матбуотии варзишкорони машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конора Макгрегора, ки рӯзи 6 октябр дар Лас-Вегас ба майдон мебароянд, баргузор шуд.

"Онҳо дар ҳақиқат нисбати ҳамдигар нафрат доранд. Ин "сиёҳтарин" нишасти матбуотие буд, ки дар он иштирок доштам. Нурмуҳаммедов худро ором нигоҳ медошт, вале аз дарун месӯхт", - гуфтааст Уайт.

"Агар ин гапҳо (суханони Макгрегор) ба шумо нарасанд, шумо одам нестед. Конор ҳамон кореро кард, ки аз ӯҳдааш ба хубӣ мебарояд. Дар ин ҷанги равонӣ Конор доим тавоно аст. Касе беҳтар аз вай нест", - афзудааст ӯ.

Ёдрас мешавем, Конор пештар Ҳабиб ва падарашро тарсончак номида буд. Аммо варзишкор посухе надода, гуфта буд, ки "муҳимаш рақобати шашуми октябр аст".