Фаврӣ: теракт ҳангоми гузашти низомӣ дар Эрон (Навор ва Акс)

Дар пайи ҳамла дар гузашти низомӣ дар Эрон бештар аз 10 тан кушта ва 20 нафар маҷрӯҳ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тавре хабаргузории Tasnim хабар медиҳад, дар Эрон ҳангоми гузашти низомӣ ҳамлаи интиҳорӣ  рух дод. Бино бар иттилои манбаъ, бештар аз 10 тан, аз ҷумла низомиён ва рӯзноманигорон қурбони ин ҳодиса шуда, 20 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Ҳодиса дар дар шаҳри Ахвози Эрон субҳи имрӯз рух додааст. Дар рафти гузашти низомӣ чанд тан ба оташ кушодаанд.

Аз 10 тан ҳалокшудагон 8 нафарашон низомӣ буданд. Яке аз қурбониён рӯзноманигор будааст.

Бино бар иттилои расонаҳои Эрон, мақомоти қудратии кишвар ду тан ҷангиро безарар кардаанд.

Дар ҷаҳонҲамаи хабарҳо