ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik Бино ба иттилои ожнсиии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии қарзҳои мушкилситон дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи августи соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил дод.
“Қарзҳои батаъхирафтода аз рӯи қарзҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 августи ҳамин сол 1,899 млрд. Сомони (201 млн. доллар)-ро ташкил дод”, - иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.
Ҳаҷми чунин қарзҳо дар давоми чор моҳи охир ба миқдори 21 млн. сомонӣ (2,2 млн. доллар) афзудааст.
Дар ҳамин ҳол тақрибан 32 дарсади қарзҳои батаъхирафтода бо пули миллӣ – сомонӣ ва беш аз 68 дарсадаш бо асъори хориҷӣ дода шудааст.
Ҳаҷми қарзҳои мушкилситон бо пули миллӣ – 602 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ – 1 млрд. 296 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Маблағи умумии қарзҳои додаи низоми бонкӣ ба санаи 1 августи соли ҷорӣ 8 млрд. 580 млн. сомониро ташкил додааст. Ҳамин тариқ ҳиссаи қарзҳои пардохташон батаъхирафтода дар ҳаҷми умумии низоми қарздиҳӣ ба 22 дарсад баробар шудааст.