ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, 18-уми сентябри соли 2018, соати 16:30 аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷасади писарбачаи хурдсол дарёфт гардид.
“Маълум гардид, ки ҷасади дарёфтгардида писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ мебошад”- омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ муайян карда шуд, ки кӯдаки марҳумро 12-уми сентябри соли 2018, тахминан соатҳои 10:00-дақиқа, модаркалонаш тариқи маҷбурӣ зинда, таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст.
“Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - таъкид намуд ВУД.