Сабадбофии холаи Шаҳодат: ҳунари аҷдодӣ хонаводаро мехӯронад (НАВОР)

Шаҳодат Ҳомидова, сокини 57 солаи рустои Кулангири ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд беш аз 40 сол аст, ки зиндагии худу аъзои хонаводаашро аз пушти ҳунари аҷдодии сабадбофӣ таъмин мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik, Қамари Аҳрор. Ҳунари сабадбофӣ тавре мегӯяд, холаи Шаҳодат  барои ӯ меросӣ буда, дуруст вақте, ки 7 - сола буд, фориғ аз тадриси мактаб дар канори модараш нишаста ва бо завқи томи кӯдакона вижагиҳои ин корро аз худ намудааст.

Дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҳунарҳои бадеии мардумӣ баргузор шуд

“Модарам Отуной Ҳомидова ҳунарманди сабадбоф буданд. Дар овони кӯдакӣ мо ба ҷамъоварии навдаи панҷарагули сабадӣ ба атрофи кӯчаҳои маҳалла  мебаромадем. Аз ҳамон замонҳо ба ин кор шавқ пайдо карда будам. Модарам ҳам ин завқи маро дарк мекарданд ва бо муҳаббат ин ҳунарро меомӯзонданд”, - ба ёд овард Ҳомидова. 

Ҳоло сабадҳое, ки бо зӯри панҷаҳои холаи Шаҳодат офарида мешаванд, барои нигоҳ доштани лавозимот дар рӯзгори  хонаводаҳои Тоҷикистон чи дар шароити шаҳр ва чи дар рустоҷойҳо фаровон истифода мешаванд. Бино ба гуфти ин хонуми ҳунарманд, ҳоло агар баъзеи  мизоҷон сабадро ҳамчун қошуқдон, барои гузоштани нон ва ё гул истифода кунанд, баъзеи дигар аз ҷумла  мансабдорон дар рӯзҳои зодрӯз ва ҷашну айёми шодбошиҳо барои ҷой намудани туҳфа  барояш  сабадҳои армуғонӣ фармоиш медодаанд.  

Сабадбофии холаи Шаҳодат: ҳунари аҷдодӣ хонаводаро мехӯронад (НАВОР)

Сабадҳое, ки умдатан аз навдаи дарахтон сохта мешаванд назар ба сабдҳои плостикӣ безарар гуфта мешаванд. Аз сӯи дигар ҳам ин сабадҳо як рамзи ҳунари аҷдодии мардуми тоҷик унвон мешаванд. Ҳатто дар растаи маҳсули ҳунармандон  ҷойгоҳи хосе дорад.

Сабадбофии холаи Шаҳодат: ҳунари аҷдодӣ хонаводаро мехӯронад (НАВОР)

Шаҳодатхола мегӯяд, ҳунари сабадбофӣ ӯро аз як рустои кӯчак то  шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бурдааст. Дар моҳи майи соли, 2018 дар намоишгоҳи байналмиллалии ҳунармандон, ки дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе доир мешуд, ӯро барои иштирок дар ин ҳамоиш дар қатори даҳҳо ҳунарманд ба шаҳри Душанбе даъват карданд.

Дар ҷашнгирӣ аз 21-умин солрӯзи Ваҳдати миллӣ,  ки  имсол бо ширкати Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сурат гирифт, ӯ ҳам аз ҳунармандони иштирокдори ин чорабинӣ будааст.

Соҳибкорону ҳунармандони Самарқанд ба вилояти Суғд меоянд

“Дар ҷашну маросимҳое, ки дар сатҳи ҳукумат баргузор мешаванд, маро ҳамчун ҳунарманди сабадбоф даъват мекунанд. Мо бо маҳсули дастранҷи худ иштирок мекунем. Чанде қабл рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд ва дар он ҷо  ҳам иштирок доштем”, - мегуяд ӯ.  

Холаи Шаҳодат ҳоло ҳамроҳи фарзанд ва  келину набераҳояш зиндагӣ  мекунад, ки ҳама ин ҳунари аҷдодиро аз бар кардаанд. Ҳатто ба ҳисоби наберааш Шукронаи 8 - сола, ки хурдтарин узви хонавода мебошад, аз уҳдаи сабадбофӣ баромада метавонад. Ӯ аз ин ҳунари меросӣ ифтихор мекунад ва шукр мекунад, ки онҳо ҳама бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиашонро  таъмин карда метавонанд.