Русия метавонад ба донишҷӯёни аълохон гирифтани шаҳрвандиро осон намояд

Русия барои донишҷӯёни ояндадори хориҷӣ тартиби гирифтани шаҳрвандиро осон месозанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мақомоти Русия масъалаи осон сохтани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ бо низоми содакардашуда барои донишҷӯёни хориҷиро баррасӣ дорад, иттилоъ додааст Валентина Казакова, муовини сардори Сарраёсати ВУД Русия доир ба масъалаҳои муҳоҷират, дар доираи 4-уин конфронси байналмилалии “Муҳоҷират ва ҳуқуқи байналмилалӣ”.

Муҳоҷир не, шаҳрванд шав: раванди нав дар сиёсати Русия

Ба гуфтаи вай, мақомот масъалаи додани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳҳои олии кишвар бо баҳои олӣ таҳсил мекунанд, баррасӣ дорад.

Бино ба иттилои ВУД Русия, соли гузашта дар донишгоҳҳои Русия беш аз 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд.

Имсол Русия ба Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар 618 квота квота ҷудо намуда буд.