Огоҳсозии мардум аз хатарҳо: гуфтушуниди КҲФ бо ширкатҳои мобилӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои огоҳсозии мардум аз хатарҳою ҳолатҳои фавқулодда бо ширкатҳои мобилии кишвар гуфтушунид дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо аз офатҳои табиӣ ба он ниёз дорад.

Ин ниҳод барои огоҳсозии мардум телефонҳои ҳамроҳро беҳтарин восита хондааст, ки аксарияти аҳолии кишвар - донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.

Ҳушдори КҲФ: аз 12 то 16 май дар Тоҷикистон жола, сел ва тундбод дар назар аст

“Бинобар ин КҲФ тасмим гирифт бо ширкатҳои мобилии мамлакат дар самти хабаррасонӣ ба аҳолӣ ҳамкорӣ кунад”- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Манбаъ афзуд, ки бо ин мақсад дар вилояти Хатлон ҷаласаи муштараки роҳбарияти Раёсати КҲФ бо роҳбарони ширкатҳои мобилии  “Вавилон-Мобайл”, “Таком”, “Tcell” ва “Тоҷиктелеком” баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба аҳолӣ расонидани хабару огоҳиҳо тариқи паёмакҳо ва ҳамчунин нишон додани рақамҳои фаврӣ, ки корафтодагон метавонанд оҷилан барои кумак муроҷиат кунанд, баррасӣ гардид.