ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд ширкат намекунад, ки 28 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Тавре хабар дода мешавад, раисҷумҳур аз 29 сентябр то 2 октябр бо сафари корӣ ба Амрико рафта, дар 73-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ ширкат карда, бо намояндагони тиҷоратии Амрико дидор мекунад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ Бердимуҳаммадов аз мавқеъҳои авлавияти Туркманистон дар ҳалли мушкилиҳои калиди замони муосир ва ҳамкории Ишқобод бо СММ хоҳад гуфт.
Ҳамчунин интизор меравад, ки раисҷумҳур бо тоҷирони амрикорӣ мулоқот мекунад. Чунончӣ дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Туркманистон, ки дар рафти он сафари раисҷумҳур ба ИМА баррасӣ гардид, президент ба роҳбарияти ВУХ Туркманистон супориш дод, ки дар Ню-Йорк мулоқоти тоҷирони Туркманистону Амрикоро дар шакли шӯрои корӣ ташкил кунад, ки роҳбари он тоҷири амрикоӣ Эрик Стюарат мебошад.
Шӯрои кории тиҷоратии Туркманистону Амрико идорае мебошад, ки вазифаи рушди ҳакориҳои тиҷоратии Амрикову Туркманистонро бар ӯҳда дорад.
Эрик Стюарат низ зуд-зуд ба Туркманистон сафар карда, бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот мекунад.
Порошенко ҳоло сукут кардааст
Айни замон маълум нест, ки оё раисҷумҳури Украина Пётр Порошенко ба нишаст ҳозир мешавад, ё не.
"Ӯ, албатта ба нишаст даъват шудааст. Чунин даъватнома ҳаст ва Украина ҳам дар ин бора хабар дорад, дар ҳамин ҳол мо медонем, ки шояд роҳбарияти кишвар аз ширкат дар нишаст дар Душанбе худдорӣ кунад. Дар ҳоле, ки аз таҷрибаҳо медонем, ки посухро метавон қариб дар рӯзҳои охир гирифт ва мо ҳоло интизор мемонем. Ҳоло посухи Киев дар бораи ширкат дар нишаст садо надодааст", — мегӯяд раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев.
Пас аз табодулоти давлатӣ дар Украина дар соли 2014 роҳбарияти нави кишвар эълом дошт, ки аз ширкат дар кори ИДМ даст мекашад. Ӯ хабар дод, ки фармонеро дар бораи бозхонди намояндаҳои кишвар аз ҳамаи идораҳои муқарраротии ИДМ ба имзо расонидааст.