Ҳама ба пахтачинӣ: дар Суғд барои ҳар як килои пахтаи чидашуда беш аз 60 дирам медиҳанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, расман ба маросими пахтачинӣ дар вилоят оғоз бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ҳукумати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилоят зимнирӯзи 14 сентябр аз зимни марросими оғози пахтачинӣ дар вилояти Суғд супориш дод, ки барои вусъати корҳо аз қувваи чинакчиён низ истифода баранд ва барои ҳар як килограм пахтаи чидашуда ба чинакчиён беш аз 60 дирамӣ пардохт карда шавад.

Муовини сравазир барои огаҳӣ аз вазъи кишти пахта ба Суғд сафар кард

Инчунин вай супориш додааст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дорои наздик 1600 гектар замини обӣ буда, дар 640 гектари он пахта кишт карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, соли равон дар вилоят дар 57 ҳазору 194 гектар пахта кишт шудааст, ки нисбати соли гузашта 6429 гектар зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар назар аст, ки дар вилоят беш аз 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад.