Макгрегор дар Instagram Ҳабиб Нурмуҳаммедовро масхара кард (НАВОР)

Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ дар Instagram рақибаш аз Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедовро ба масхара кашид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук ахиран дар Instagram аксашро бо паёми "қадам ба қадам" — "step by step" нашр кард.

 

 

Конор Макгрегор ин паёми Нурмаҳаммедовро ба писханд кашида, дар саҳифааш наворро зери сарлавҳаи "қадам ба қадам зери по мешавӣ" —  "Step by step you are getting stepped on" — ро нашр намуд.

 

 

Танишҳои лафзию интернетии Нурмуҳаммедов ва Макгрегор дар ҳоле сурат мегиранд, ки 6 октябри соли равон қувваозмоии ин ду варзишкор дар мусобиқаи UFC дар  Лас-Вегаси Амрико дар назар аст.

Конор Макгрегор барои унвони қаҳрамон бо варзишкор ва муштзани доғистонии Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов рақобат хоҳад кард.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук мебошад. Вай дар 26 сабқат иштирок карда, боре мағлуб нашудааст.

Конор Макгрегор бо 21 варзишкор сабқат карда, се маротиба мағлуб шудааст. Пештар Конар Макгрегорро  муштзани дигари машҳур Флойд Мейвезер мағлуб карда буд.