Роҳбари мусалмонони Русия бо Муфтии Тоҷикистон мулоқот кард

Равил Айнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон роҳҳои ҳамкорӣ барои ҳамоҳангӣ ва танзим равобити давлату динро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Равил Айнуддин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия суханронии Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистонро аз минбари Масҷиди асосии Русия муҳим донист, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Шурои муфтиҳои Русия.

Ба гуфтаи манбаъ, Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Равил Айнуддин дар доираи 3-умин конфронси байналмилалии илмию динӣ "Роҳи абрешим. Анъанаҳои бузурги башардӯстӣ ва чолишҳои муоссир", ки дар шаҳри Бишкек баргузор шудааст, мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо таҳкими ҳамкориҳои на танҳо ниҳодҳои давлатӣ балки раёсатҳои мусалмонон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро зарур хонданд, ки ба танзиму пурзур намудани равобити давлату дин, равона шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, муфтии Тоҷикитсон Саидмукаррам Абдулқодирзода, ташаббуси Равил Айнуддинро дар бораи ташкили гурӯҳи ҳамоҳангсоз барои мубодилаи маълумот дар соҳаи эспертизаи адабиёти динӣ ва мониторинги гардиши адабиёти динӣ дар қаламрави кишварҳои узв, комилан дастгирӣ намудааст.

Конфронси байналмилалӣ 13-14 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд. Дар конфронси мазкур намояндагони шаш кишвар Русия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки иштироккунандагони конфронс масъалаи мубориза бо террроризм ва ҷои ислом дар дунёи муосирро баррасӣ намуданд. Чунин конфронси илмӣ севумин бор аст, ки баргузор мешавад. Ду конфронси қаблӣ дар Русия ва Чин баргузор шуда буд.