Ғуломшоев: Душанберо нашинохтам, аммо Бартанги боло ҳамоно бебарқу бероҳ (АКС)

Саидмамад Ғуломшоев, барномасози ҷавони тоҷик, ки ахиран аз таҳсил дар хориҷ ба Ватан баргашт, гуфт, Душанберо нашинохт, аммо зодгоҳаш деҳоти Бартанги боло бо гузашти 27 соли Истиқлолият ҳамоно бероҳу бебарқ мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ғуломшоев мегӯяд, дар деҳаҳои Рухч, Нисур, Япшорв, Рошорв ва Барчидифи Бартанги боло неругоҳҳои барқӣ вуҷуд надоранд ва мардум аз бебарқию бероҳӣ пайваста дар азобанд.

Водии Бартанг: бидуни қувваи барқ оянда надорем

"Мардум маҷбур шудааст, то аз тафдонҳои махсуси офтобӣ истифода баранд. Дар фасли тобистон рӯзгузаронӣ кардан имкон дорад, вале фасли зимистони водӣ хеле сард ва сангин аст. Сол аз сол ҷангалҳо нест шуда истодаанд ва камбуди шадиди ҳезум ҷой дорад. Баъзан зимистон мардуми бечора маҷбур мешаванд, танаи алафро сӯзонда, хонаашонро гарм ва хӯрок тайёр кунанд" — навиштааст Ғуломшоев. 

Ӯ мегӯяд, баъди се соли таҳсил дар хориҷа вақте ба Душанбе баргашт, қариб шаҳрро нашиносад. Мутахассиси ҷавони тоҷик бо изҳори хушнудӣ аз пешравӣ дар Душанбе ва бархе минтақаҳои дигари Тоҷикистон, бо таассуф изҳор дошт, ки Бартанги боло ҳанӯз ҳатто барқ надорад.

1 / 4
Подготовка жителей Бартанга к зиме
2 / 4
Подготовка жителей Бартанга к зиме
3 / 4
Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды
4 / 4
Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды

Ӯ таъкид намуд, ки зоҳиран ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи мақомдорони вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ канор мондааст.

Ғуломшоев иттилоъ дод, ки солҳои охир ба минтақа ангишти фурӯшӣ овардаанд, аммо мардум, ки аксаран бекоранд, тавони хариди онро надоранд.

"Ягона ҷои кор дар водии Бартанг ин мактаб аст. Пас касоне, ки дар мактаб кор намекунанд, чӣ тавр зиндагиашонро пеш бибаранд? Чӣ тавр ангишт бихаранд? Чӣ тавр пӯшок, ғизо ва дигар лавозимоти рӯзгор бихаранд? Чӣ тавр аз саломатиашон нигоҳубин кунанд?", — суол гузоштааст Ғуломшоев.

Рустам Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг 30 тонна ангишт фиристод

Ӯ иттилоъ дод, ки соли 2016, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафар ба Бартанги боло изҳор дошт, ки дар мавзеи Хатфад, дар назди деҳаи Нисур нерӯгоҳи обӣ сохта мешавад.

"Ду сол сипарӣ шуд вале аз нерӯгоҳи обӣ хабаре нест. Як моҳ пеш об роҳи Хатфадро низ шуст ва як моҳ шудааст, ки роҳ баста аст", — иттилоъ дод ҷавони тоҷик.

Мутахассиси ҷавон аз масъулини вилоят, ҷумҳурӣ ва созмонҳои фаъоли байналмилалӣ дар минтақа хост, барои ҳалли мушкилоти бебарқию бероҳии мардуми Бартанги боло мусоидат кунанд. Ӯ гуфт, сокинони мушкилнописанди Бартанги боло дар ҳалли бебарқию бероҳӣ ба каме дастгирӣ ниёз доранд ва бо андаке кӯмак қаноат мекунанд.