ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 метр боридани барфи тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +11+13 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.